Шоми 29-уми октябр дар фурудгоҳи Махачқалъа бар асари нишасти як ҳавопаймо аз Исроил, ки гӯё гурезаҳоро аз ин кишвар ба Доғистон кӯч додаанд, ошӯб ба амал омад.

Баъдан мардумро маҷбуран берун карданд ва Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз кард. Раҳбарияти Исроил аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия даъват кард, ки амнияти шаҳрвандони исроилӣ ва яҳудиёнро, новобаста аз он ки онҳо дар куҷо ҳастанд, таъмин кунанд.

Шоми 29-уми октябр издиҳоми одамон ба фурудгоҳи байналмилалии Махачқалъа зада даромаданд. Нооромиҳо ба далели вуруди як ҳавопаймо аз Исроил дар замони ҷанг дар навори Ғазза оғоз шуд. Издиҳоми мардум ба фурудгоҳ омаданд ва ба тафтиши шиносномаҳои мардум шуруъ карданд, то мусофиронеро, ки аз Исроил вориди ҳавопаймо шудаанд, пайдо кунанд. Ба дунбол мардуми ҷамъшуда вориди бинои толори байналмилалии фурудгоҳ шуданд ва онро муҳосира карданду сипас ба хатти парвоз баромаданд.

Фурудгоҳ бар асари нооромиҳо ва ба хатти парвоз баромадани тазоҳуркунандагон як ҳафта баста шуд. Раёсати Кумитаи тафтишоти Доғистон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, ин ҳодисаро бетартибиҳои оммавӣ арзёбӣ кард.  Вазорати тандурустии Доғистон хабар дод, ки бар асари нооромиҳо захмшудаҳо ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь