Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ-и СММ) Карим Хон аз ин ниҳод хост, ки дастури боздошти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари Ҳамос дар Ғаззаро бо иттиҳоми ҷиноёти ҷангӣ содир кунад.

Ба гуфтаи Хон, асосҳои қобили мулоҳиза вуҷуд доранд, ки ҳардуи онҳо аз 7-уми октябри соли 2023 барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳанд дошт.

Нетаняҳу қаблан гуфта буд, ки агар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дастури боздошти мансабдорони давлатиро бо иттиҳоми марбут ба ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос содир кунад, ин як ҷанҷоли миқёси таърихӣ хоҳад буд.

Рӯзҳои ахир мақомоти исроилӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ДБҶ дастури боздошти мансабдорони аршади ҳукуматро омода мекунад, ки ин ҷиддитарин иқдоми ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи Исроил аз замони оғози ҷанги Ғазза дар моҳи октябр хоҳад буд.

ДБҶ, ки қудрати муттаҳам кардани афродро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дорад, ҳамлаи фаромарзии Ҳамос дар рӯзи 7-уми октябр ва вокуниши низомии Исроил дар Ғаззаро, ки моҳи ҳафтум аст идома дорад, таҳқиқ мекунад.

Исроил узви ДБҶ нест ва салоҳияти онро эътироф намекунад, аммо сарзаминҳои Фаластин дар соли 2015 ба узвияти он пазируфта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь