Додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб ӯзбекистониҳои муттаҳам ба қатли хохом (раввин)-ро ба эъдом маҳкум кард, хабар медиҳанд ВАО. Бино ба гузоришҳо, се шаҳрванди Ӯзбекистон барои куштори хохоми исроилӣ Звӣ Коган ба эъдом маҳкум шудаанд.
Додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Ӯзбекистонро дар куштори хохом Звӣ Коган дар моҳи ноябри соли гузашта ба эъдом маҳкум кард. Дар ин бора портали исроилии Ynetnews бо такя ба манобеи расмӣ дар ҳукумати Исроил хабар додааст.
Тибқи иттилои мавҷуд, ҳукм рӯзи 30-юми март содир шудааст, аммо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб расман онро эълон накардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон то ҳол дар ин бора изҳороти расмӣ надодааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аудиоӣ паҳн мешавад, ки дар он эҳтимолан наздикони яке аз маҳкумшудагон ҳукми додгоҳро баррасӣ мекунанд. Дар ин сабт гуфта мешавад, ки “ҳар се гумонбар ба эъдом маҳкум шудаанд”. Аслӣ будани файли аудиоӣ тасдиқ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки 21 ноябри соли 2024 маълум шуд, ки хохом Коган бедарак шудааст. Дере нагузашта полиси Иморот ҷасади ӯро бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо кард.
Баъдан Вазорати корҳои дохилии Имороти Муттаҳидаи Араб аз боздошти се гумонбар Маҳмудҷон Абдураҳимуғлӣ Кенҷабоев, Азизбек Комилович Исмоилов ва Олимбой Тоҳирович Давлатёров хабар дод. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ангезаҳои ин ҷиноятро ифшо накардаанд. Мақомоти Исроил мегӯянд, ки ин як амали террористӣ буд, ки бо антисемитизм бастагӣ дорад.