Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва чанд мансабдори дигар аз вазифа озод гардиданд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин хусус, як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст. Ҳоло маълум нест, ки​ Ширин Амонзода ба кадом​ вазифа таъин шудааст, ё не ва ба ҷойи ӯ ки таъин гардидааст.

Ҳамчунин, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси Агентии омори Тоҷикистон, аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь