Капитани собиқи кулби футболи «Истиқлол» ва узви дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Дилшод Восиев, ки яке аз бозигарони шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, аз ҳайати дастаи “Истиқлол” рафт. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бозигари маъруф Дилшод Восиев баъди даҳ соли бозии худ дар ҳайати «Истиқлол», аз ин бошгоҳ рафт ва айни замон бозигари озод маҳсуб меёбад.
Дилшод Восиев аз соли 2009 дар «Истиқлол» бозӣ мекард. Дар ин муддат ӯ ду маротиба солҳои 2012-2013 беҳтарин бозигари Тоҷикистон ва се маротиба солҳои 2012, 2014 ва 2017 беҳтарин нишонзани чемпионати футболи кишвар эълон шудааст.
Ӯ бо дастаи “Истиқлол”, ки ҳафт маротиба ғолиби Лигаи олии футболи кишвар шудааст, дар бисёр мусобиқоти дохили кишвар ғолиб шуда, инчунин барандаи Ҷоми президенти КФО-2012 гардида, ду маротиба дар финали Ҷоми КФО (2015, 2017) ширкат кардааст.
Дилшод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 ғолиби Ҷоми даъвати КФО гардида, соҳиби медалҳои нуқра (2008) ва биринҷии (2010) ин мусобиқа низ шудааст.