Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон, бо ҳам мулоқот карданд. Ин дидор, ки пас аз 9 соли таваққуф ва сардии муносибатҳои ду кишвар буд, дар кохи раисиҷумҳури Эрон сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар назди кохи раисиҷумҳур парчамҳои давлатии кишварҳо афрохта шуда, горди фахрии кишвари Эрон саф оростанд ва сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо дод.

Сарони давлатҳо аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ гузашт карданд ва Эмомалӣ Раҳмон ҷониби парчами давлатии Эрон эҳтиром ба ҷо овард.

Ҷонибҳо бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар шинос шуданд.

Бояд гуфт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масили равобити хориҷӣ, додситони кул, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси вилояти Хатлон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва чеҳраҳои дигари ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд.

Интизор меравад, дар ин мулоқот чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба имзо расанд.

Ёдовар мешавем, пас аз 9 соли муомилоти сард байни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 29-уми май, вориди Эрон шуд ва дар фурудгоҳи Теҳрон ӯро вазири нерӯи Эрон Алиакбар Меҳробиён пешвоз гирифт.

Ин сафар бо даъвати расмии раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ сурат гирифтааст. Иброҳим Раисӣ ҳам соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва бо даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь