Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи забти дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Тоҷикистонро аз ҷониби хадамоти марзбонии Қирғизистон бепоя хонд.

Бино ба гуфти КДАМ , хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъиноти махсуси “Бору”-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти дурӯғ аст, ки характери иғвоангезона дорад, навиштааст, АМИТ “Ховар”.

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.

Шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев интишор карданд.

Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбиро ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь