Бар асари ярч дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд панҷ нафар ҳалок шуданд, ки яке аз онҳо тифли яксола будааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дод.

Ин ҳодиса рӯзи 17-уми майи соли 2021 тақрибан соати 14:00-14:30 дар деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти  Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич рух дод. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса хеле ногаҳонӣ буд ва сабаби он бунёди хона дар теппаи боғ гуфта шудааст.

Манбаъ хабар медиҳад, ки соҳиби боғ теппаи паси хонаи худро аз ниҳолҳо сабз кардаву қоидаҳои бехатарӣ ва агрономии обёриро риоя накардааст. Оби зиёд тадриҷан заминро нарм кардаву теппа лағжидааст.

Дар натиҷа соҳиби хона ва модари хонадон бо ду фарзандаш, ки яке 11 ва дуюмӣ 10 сол дошт, зери лой монданд.

Ярч ҳамчунин хонаи ҳамсояи онҳоро низ зер кардааст ва зани ҷавони 21-сола ҳамроҳ бо фарзанди ширхори яксолааш зери лой мондаву ҳалок шудаанд.

Ҳамсояҳо ба зудӣ ҷасадҳоро аз зери лой берун овардаанд.

Ҳарчанд сабаби рониши замин обёрии ғайриқоидавии боғ унвон мешавад, вале мақомот иллатҳои аслии онро мавриди санҷишу тафтиш қарор додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь