Декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Ҳабибулло Қузратович ва омӯзгори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич дар вақти гирифтани пора дастгир карда шудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

29-уми августи соли 2017 ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбати декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов, Салимов Ҳабибулло Қузратович чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда аз ӯ барои дохил намудани шиносаш шаҳрванд «Б» ба гурӯҳи буҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ маблағи 5 000 сомонӣ талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур аз дохили автомашинаи тамғаи Инфинити-130 рақами қайди давлатиаш 4319 СТ 01 пас аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ Салимов Ҳабибулло Қузратуллоевич дастгир карда шуда, маблағи 5000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Салимов Ҳабибулло Қузратуллоевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Омӯзгори «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии як гуруҳ шаҳрвандон даромада аз онҳо барои ба Муассасаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» дохил намуданашон ба сифати пора маблағи пулӣ талаб намудааст. Аз ҷумла, аз шаҳрванд Асадова С. 2000 сомонӣ аз шаҳрванд Садиева П.Т. 1800 сомонӣ аз шаҳрванд Искандарова Г. 2500 сомонӣ аз шаҳрванд Сайфуллоев Д. 1800 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда гирифтааст.

Ҳамзамон, Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич аз шаҳрванд “А” барои ба Муассасаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси “Системаи компютерӣ ва интернет-технология” дохил намуданаш 3000 сомонӣ талаб намудааст.

Зимни гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ, Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич баъди аз шаҳрванд “А” дар бинои «Литсейи касбии политехникииии шаҳри Душанбе» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Нисбати Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь