Теъдоди умумии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 500 нафар зиёд карда мешавад. Ин шумораи толибилмон танҳо ба факултетҳои педиатрӣ, фарматсевтӣ ва тиббӣ-профилактикӣ рост меояд.

Президенти кишвар қаблан аз норасоии табибони кӯдакона дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, супориш дода буд, то вазъ ислоҳ карда шавад.

Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, имрӯз, 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур гуфт, пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди бештар кардани табибони кӯдакон маъқул дониста шуд.

– Аз сабаби зиёд гардидани таваҷҷуҳи довталабон ба ДДТТ Пешвои муаззами миллат пешниҳод карданд, ки шумораи асосии донишҷӯён зиёд карда шавад. Дар мувофиқа бо Агентии назорати маориф ва илм дар назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи асосии донишҷӯён 500 нафар зиёд карда шуд. Қаблан ба факултетҳои педиатрӣ, фарматсевтӣ ва тиббӣ-профилактикӣ 100-нафарӣ донишҷӯ қабул карда мешуд. Акнун дар соли хониши нав дар ҳар яке аз факултетҳои мазкур 250-нафарӣ донишҷӯ таҳсил хоҳанд кард, – иброз дошт Гулзода М.

Феълан дар ДДТТ 12 189 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз ин ҳисоб 9593 нафар (78,7 %) дар факултети тиббӣ, 718 нафар (5,9%)-педиатрӣ, 1197 нафар (9,8%)-стоматологӣ, 310 нафар (2,5%) -фарматсевтӣ, 371 нафар (3%) -тиббӣ-профилактикӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Илова ба донишҷӯёни асосӣ 1208 нафар муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ низ таҳсил мекунанд, ки дар умум шумораи  донишҷӯёни ДДТТ 13 397 нафар мебошад. Дар соли таҳсили 2022 назар ба як соли қабл теъдоди донишҷӯён 1,2% афзудааст. Шумораи донишҷӯдухтарон ҳам дар муқоиса ба соли гузашта 1,2% бештар гардида, алҳол 46%-ро ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, дар ДДТТ 1949 нафар донишҷӯ аз 24 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь