Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 28 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар шартномаҳои нав ба имзо расонид, ки онҳо ба ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо нигаронида шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра ташрифи шарикони хориҷӣ ба Донишгоҳ ва сафари кории намояндагони Донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар ба маротиб афзун гардид. Дар ин давра, дар 23 сафари корӣ, 96 нафар аз ҳайати роҳбарият, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо ва омӯзгорон ҷиҳати бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба шаҳрҳои Берлин, Брюссел, Бреда, Амстердам, Риёз, Маскав, Екатеринбург, Новосибирск, Ҳайдаробод, Деҳлӣ, Деҳнав, Термез, Самарқанд ва ғайраҳо сурат гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 маротиба афзудааст.

Дар баробари ин, роҳбарияти  Донишгоҳ дар форумҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар доираи Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, шаҳри Бредаи Шоҳигарии Нидерланд ва шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардиданд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь