Генерали номдори рус Пригожин Евгений фармондеҳ ва муассиси қушунҳои хусусии «Вагнер» вазири дифои Русия Сергей Шойгуро бо он айбдор кард, ки нерӯҳои давлатӣ ба ҷузъу томҳои «Вагнер» ҳамлаҳои мушакӣ анҷом доданд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.
Дар ин ҳамла, гуфтааст ӯ, шахсан Шойгу даст дорад. Худи Шойгу инро инкор кард. Ҷавобан ба ин ҳамла Пригожин ваъда дод бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ «раҳпаймоии адолат» анҷом диҳад. Хадамоти бехатарии Федеролии Россия ин иқдоми Пригожинро ҳамчун табаддулоти ҳарбӣ талаққӣ дод ва бар зидди генерали исёнкор парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Сари роҳи нерӯҳои ӯ постгоҳҳо созмон додаанд.
Ба истилоҳ ширкати ҳарбии ЧВК «Вагнер» ҳамон нерӯест, ки зархаридонро дар сафҳои худ муттаҳид сохта ба ҷанг мебарад. Аз ҷумла аксарияти муҳоҷирони меҳнатиии Россияро низ маҳз ҳамин ширкат ба ҷанг алайҳи Укроин сафарбар месозад.
Дар ҳоле, ки генералҳи рус ба «Вагнер» муроҷиат карда гуфта истодаанд, ки «аз пушти президент корд назанад, ором бошад», горнизони ҳарбии Москва тавассути «бонги хатар» дар сурати омодабош қарор гирифтааст.
Қабл аз ин Евгений Пригожин якчанд изҳороти фавқулодда пахш кард. Аз ҷумла гуфт, ки артиши Россия дар самти Запороже ва Херсон зери фишори нерӯҳои Укроин рӯ ба гурез овардаанд. Вазорати Дифои Россияро бо он айбдор кард, ки президент Путинро фиреб медиҳанд. Худи «Амалиёти Махсус»-ро ба Укроин аз ҷониби Россия «хеле нақшаи амалиёти ноуҳдабароёна» унвон кард. Ягон зарурат барои оғози ин амалиёт вуҷуд надошт, гуфт ӯ. Пригожин инчунин Шойгуро «муйсафеди ларзанда» номид, ки «ҳазорҳо нафар, аз шумори беҳтарин ҷанговаронро ба коми марг тела дод.» Рӯзи дигар инчунин илова кард, ки ба Кумитаи Тафтишот аризаи даъвогӣ бар зидди Шойгу ва сардори Ситоди Генералӣ Валерий Герасимов фиристодааст. Ба ин хотир ки маҳз онҳо барои куштори дастаҷамъонаи халқи рус бояд ҷавоб диҳанд.
Маркази матбуоти «Вагнер» наворҳоро дар мавриди ҳамлаи худиҳо ба қароргоҳҳои ин ниҳод ба маъраз гузошт.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ин пархошҷӯии генералҳои сатҳи болоии «Амалиёти Махсус» тарқиши бузургест дар рафти ин амалиёт.