Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Заррина дар нишасти хабарии мақомоти шаҳр масъалаи пӯшонидани “курта” ба тани симчӯбу сабадҳои канори роҳи Бохтар-Левакантро шарҳ дод.

– Ин иқдом аз ҷониби соҳибкор пешниҳод карда шуд, мо онро рад накарда, розӣ шудем. Дар оянда низ дар нақша ҳаст, – гуфт раиси шаҳр ва аммо Давлатзода аниқ нагуфт, чӣ дар нақша ҳаст, пӯшонидани матоъ ба тани симчӯбу сабадҳо ва ё чизи дигар.
Чанде пеш раиси ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант Ҳалимзода Сафаралӣ ба “Фараж” хабар дода буд, ки ба тани 95 симчуб ва 135 сабади бетонии канори роҳи Бохтар-Левакант 250 метр матоъ пӯшониданидаанд, ки арзишаш тақрибан 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Блоки рекламавӣ