Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар байни беш аз 31 ҳазор донишгоҳу донишкадаи ҷаҳон дар мақоми 5583 қарор дорад. Маркази миллии таҳқиқотии испанӣ, ки ҳамасола рейтинги мақоми байналмилалии донишгоҳҳои ҷаҳонро муайян карда, ба нашр мерасонад, ба чунин натиҷа расидааст. Ба нишондоди шурои маркази мазкур, ДТТ миёни донишгоҳҳои кишвар ҷои аввалро соҳиб аст.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат имрӯз зимни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур гуфт ДТТ ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмию муҳандисӣ саҳми босазо дошта, дорои нерӯи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ-техникии ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

– Шумораи аспирантону докторантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ 94 нафар буда, соли гузашта бо қарори Шурои олимони донишгоҳ 30 мавзуи рисолаи илмии унвонҷӯёну докторантони PhD ва мавзуъҳои докторӣ тасдиқ гардиданд. Барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи техникаву технология, пеш аз ҳама базаи моддӣ-техникӣ, яъне озмоишгоҳҳои замонавӣ, заруранд, ки хушбахтона, бисёре аз кафедраҳои донишгоҳ чунин имкониятро доранд, – гуфт ректори ДТТ Қудрат Давлатзода.

Гуфта шуд, ки айни замон дар 46 кафедраи ДТТ 446 омӯзгор, аз ҷумла як академик, се узви вобастаи АМИТ, 36 доктори илм, 237 номзади илм ба корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон 142 нафар ба сифати омӯзгори ҳамкор дар донишгоҳ фаъолият мекунанд.

Бино ба иттилоъ, феълан дар ДТТ беш аз 8000 донишҷӯ таҳсил доранд. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили 2023-2024-ум 102 донишҷӯро ташкил медиҳад, ки аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Афғонистон, Чин, Туркманистон ва Қатар мебошанд. Дар соли 2023-юм 1976 донишҷӯ донишгоҳро хатм кардаанд, ки аз ин ҳисоб 71 нафар соҳиби дипломи аъло гаштаанд.

– Саҳми ДТТ дар бунёди иншооти аср-“НБО Роғун” кам нест. Мувофиқи таҳлилҳо, 95 дарсади мутахассисоне, ки дар нерӯгоҳ фаъолият мекунанд, хатмкардагони донишгоҳи мо ҳастанд. Ҳамчунин, тасмим гирифтем, ки дар “НБО Роғун” чор кафедраи донишгоҳро ташкил диҳем ва ин корро анҷом додем. Хурсанд ҳастем, ки донишҷӯёни мо аз курсҳои 3-4 ба таҷрибаомӯзии истеҳсолии пешаздипломӣ дар “НБО Роғун” сафарбар мешаванд ва бевосита дар истеҳсолот фаъолият карда, кори дипломии худро ба итмом мерасонанд, – иброз дошт Давлатзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь