Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо як гурӯҳ ятимон дидору мулоқот намуда, ба онҳо сару либоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд, ки нахуст раиси вилоят онҳоро ба Соли нави мелодӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки ятимону бепарасторон ҳамеша зери ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шароити мусоид барои онҳо таъмин карда мешавад. Таъкид шуд, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда барои ватану миллат хизмат намоянд.
Сипас, ба онҳо сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим шуд.
Блоки рекламавӣ