Субҳи 4 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баъди боридани борони пуршиддат сел омада ба беш аз 100 манзили истиқоматии сокинони ноҳия лойю селоба даромада, заминҳои наздиҳавлигии сокинонро хароб ва аз худ зарари зиёд боқӣ монд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Сайид,  рӯзи  чоруми апрели соли ҷорӣ ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, аз деҳаҳои селзадаи ноҳия дидан карда ба масъулони супориши қатъӣ дод, ки ҳарчи зудтар оқибатҳои офати табииро бартараф карда, зарари онро муайян кунанд.

Гуфта шуд, ки шаби 3 -юми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоти зиёди борон  ба зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи “Пахтакор”-и ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ  лойю селоба  даромада зарари иқтисодӣ расонид.

Ба гуфти мақомот, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз  рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дидан намуда, ба масъулин таъкид намуд, ки ситод таъсис дода хисоротро ҳисобида карда, баҳри кӯмаку дастгирӣ ва саривақт тоза намудани манзили шаҳрвандон аз лою селоба чораҳо андешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь