Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли ҶТ қабули Конститутсия мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии  мамлакат, яъне соли 1994 қабул шудааст. Маҳз соҳибистиқлолии миллату давлат заминаи қабули ин Конститутсия гардид.

Имрӯз мо дар арафаи 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ қарор дорем ва ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ин Конститутсия дар кадом давра қабул шудааст, чӣ моҳият дорад ва дар таъмин ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд чӣ гуна нақш мебозад ва кадом меъёрҳоро дар худ инъикос мекунад. Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии ҶТ 6- ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ дар давраи ҳассосу ногувор, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, қабул шудааст. Дар Конститутсияи мазкур моҳияти давлати Тоҷикистон, шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, вазифа ва ҳадафу мақсадҳои давлат, вазъи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори миллӣ-давлатӣ ва марзиву маъмурии ҶТ, низоми интихобот-ҳамчун раванди демократии озодона ва бовиҷдононаи изҳори ақида, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайраро муқаррар ва танзим менамояд.

Конститутсияи ҶТ дар давраи нави таърихи пайдоиш ва инкишофи ҷумҳурӣ қабул шудааст ва давраи ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократию озодона ва давлати миллии тоҷиконро пешбинӣ мекунад ва ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад.

Конститутсияи мазкур аз 10 боб ва 100 модда, инчунин аз дебоча, ки дар он халқи Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он ва эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо конститутсияро қабул ва эълон мекунанд ва аз муқаррароти интиқолӣ иборат мебошад ва ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳам дар илми ҳуқуқи Тоҷикистон ва ҳам дар қонунгузории ҷумҳурӣ мақоми баланди олиро доро мебошад ва аз он баландтар дигар санади ҳуқуқӣ вуҷуд надорад ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, хислати баланди ҳуқуқӣ доранд. Инчунин гуфтан ба маврид аст, ки Конститутсияи ҶТ сарчашмаи асосии ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи ҶТ буда, ҳамаи қонунҳои ҷумҳурӣ аз ҳамин қонуни асосӣ манша мегиранд. Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ (юридикӣ) мебошад, хусусиятҳои он ниҳон аст, ки дар маҷмӯъ онҳо мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар байни санадҳои олии ҳуқуқӣ  ва сиёсӣ муайян менамояд. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба Конститутсия баробар шуда наметавонад.

Бояд ёдовар шуд, ки ба конститутсияи мазкур бо дигаргуншавӣ ва пешравии ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ мутобиқи боби 10-уми ҳамин Конститутсия солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Конститутсияро инчунин шиносномаи миллату давлат меноманд, зеро дар он номи давдат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад, ки принсипи мазкур низ дар Конститутсия пешбинӣ шудааст.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст ва ӯ пайваста дар баромадҳои худ қайд мекунад, ки «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи ҶТ ҳамчун санади воломақоми миллат ва шаҳсутуни устувори сулу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии хоҳад буд».

Бояд қайд намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҶТ риоя, иҷро ва ҳифзи конститутсияи хеш мебошад, ки ин меъёр дар қисми 2-и моддаи 10-и Конститутсияи ҶТ пешбинӣ шудааст «Давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Конститутсия шевою оммафаҳм навишта шудааст, то мардум аз он бе ягон монеа истифода баранд, меъёрҳои онро хуб дарк намоянд ва онро бучунучаро иҷро кунанд.

Барои ман ҳамчун ҳуқуқшиноси оянда ва он ҷавононе, ки майлу рағбат ба омӯзиши ҳуқуқ доранд, Конститутсия китоби асосӣ ва рӯимизӣ ба ҳисоб рафта, воқеан арзиши гаронро доро мебошад.

Инак, аз рӯзи қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли ҶТ 25 сол сипарӣ шуд ва мардум бо камоли ифтихор 6- ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи ҶТ ҳамасола қайд менамоянд. Ман низ дар навбати худ ҳамдиёрони азизамро бо 25-умин солгарди қабули конститутсияи соҳибистиқлоламон табрик ва таҳният гуфта, барояшон сулҳу ваҳдати абадӣ ва рӯзгори софу буғубор таманно дорам!!!

Шарофиддин Шарипов,

 нотариуси калони идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь