Журналистика шахсони тасодуфиро дар соҳаи кор намепазирад. Журналистика таҷассуми  амалии маслаку мақсад, эҳсосоти амиқи  эҷод ва садоқат ба касб  аст. Шукр, ки дар мактаби журналистикаи тоҷики Ӯзбекистон қаламбадастоне кор мекунанд, ки собиқаи касбиашон  қариб ба ним аср  расида, таҷрибаашон арзишманду қобили омӯзишу тадқиқ аст. Мирасрор Аҳророви Фарғонӣ айнан аз зумраи он хабарнигорон  ба шумор меравад, ки дар ҳар  макону дар ҳама замон  бори гарони журналистикаро бо муваффақият бар дӯш мекашад.

Ин замони интернет, шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ кори баъзе ҳамкасбони моро осон кард. Онҳо ғуломи манбаъҳои тайёри интернет шуда, ба қабле танбал гаштанд, аз хонаи корӣ набаромада, ҳар чӣ мехонанд, ҳамонро менависанд, ки боиси таассуф аст. Аз ин лиҳоз навиштаҳои онҳо рӯҳ, таҳлили серҷанбаи ҳаётӣ надоранд, аммо акои Мирасрор  ин усули “замонавӣ”-ро ҳаргиз қабули истифода накардааст. Ӯ сайёр аст, вай ҳамеша дар роҳ аст… Агар субҳидам дар Фарғона бошад, рӯзи дигар ӯро дар Қароқалпоқистон ё Бухоро дармеёбед.

Гоҳҳо берун аз марзи Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, дигар кишварҳо паёмҳо мерасонад. Навиштаҳояш аз ҳоли мардуми   ҷангдидаи афғон ҳамеша хотирмон ва таъсирбахшандаанд. Зимни сафари Эрон дар ҳар шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” вай таассуроти худро бо муштариён боҳам медид. Ин, албатта, маҳорати хосу малакаи зиёди журналистиро тақозо мекунад, ки Мирасрор Аҳроров дорост.

Гузашта аз ин, аз нишастҳои хабарӣ фавран гузориш таҳия мекунад. Мисли баъзе қаламкашон варақаи матбуотиро намепазирад, балки аз даҳони нотиқон ҳарчи баромад, онро рӯи коғаз меоварад. Ин журналистикаи навин аст, ки қаҳрамони ин гузориши мо бо он кайҳо боз ошност.

Хулласи калом,  вай фақат раҳовардашро менависад,  сӯҳбатҳои “зинда” ба мардуми оддӣ,  соҳибони касбу кори гуногун, гузоришот аз тадбирҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ ва монанди инҳо хоси  “лаборатория”-и эҷодии ӯ, мизони фаъолияташ ҳамчун журналист гаштааст. Масалан, агар дар шумораи 9-уми “Овози тоҷик”  мақолааш  дар бораи фаъолияти нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷони вилояти Қашқадарё ба чоп расида бошад, дар шумораи 26-уми июн  якбора ду матлабаш, яке мусоҳиба бо  раиси Созмони бозрасии кулли  Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Дарвешиёни Боязӣ ва дигаре гузориш зери унвони  “Қӯқанд нахустин пойтахти туризми олами турк эълон шуд”  аз вилояти Фарғона  ба ҳукми муштариёни рӯзнома ҳавола шудааст.  Ин гуна далелу рақамҳоро аз  сафарномаҳои “хабарнигори мобилӣ ” бисёру фаровон овардан мумкин аст. Дар ин роҳ ба ӯ садоқат ва завқ ба касби хабарнигорӣ ва сабру тоқати роҳпаймоӣ   мададгор аст. Солҳои зиёд аст, ки ӯ ҳамин гуна медаваду менависад…

Бояд гуфт, ки расман ба ин соҳа пас аз хатми шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1978 дохил шудааст, гарчанде дар овони мактабхонӣ хабару мақолаҳояш аз кӯҳпояи Сӯх дар рӯзномаи Риштону Фарғона бисёр чоп шуда буданд.  Боз як далел: Мирасрори Фарғонӣ дар ҳамаи риштаҳои журналистика радио ва телевизион, рӯзнома ва нашриёт, интернет маҳорату дониши худро санҷида, таҷрибаашро ба шогирдонаш низ омӯзондааст (Дарвоқеъ, яке аз фарзандонаш Фаридун низ  касби падар омӯхтааст, дастпарвари факултети журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии забонҳои дунёи Ӯзбекистон мебошад).

Собиқаи кораш дар журналистикаи байналмилалӣ ҳам  кам нест: 16 соли дароз дар радиои байналмилалии “Озодӣ”, ки онро Конгресси ИМА таъмини молӣ мекунад, “ВВС”-и Британияи Кабир, Садову симои хусусии “Орзу”-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, хабаргузории “Фарснюс”-и Эрон ва ғайра. Ин ба гуфтан осон аст!

Имрӯз дар баробари фаъолият дар “Овози тоҷик” ҳамчун мухбири рӯзнома ва ҳафтавор ва сайти  Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон – “Фараж” дар Ӯзбекистон домани корашро боз ҳам  густариш додааст, аз таҳаваллоту  ҷараёни ислоҳот дар кишвар тамоми  тоҷикистониёну ҷаҳониёнро аз тариқи саҳифаҳои ин ҳафтавор ва сайти он воқиф мекунад.  Як назар меафканем ба навиштаҳояш дар сайти “Фараж” (farazh.tj )  зери сарлавҳаи “Ӯзбекистон: Озодии баён эҳсоси масъулиятро тақозо мекунад”, “Чаро роҳи Сӯх-Риштон муддати дароз баста буд?”, “Коронавирус аҳолиро хонашин кардааст”, “Овози тоҷик” рӯзномаи хусусӣ ё тиҷоратӣ нест!” ва амсоли он.

– Медонед, агар чунин эҳсоси масъулият надошта бошам, тарки журналистика мекунам. Оперативиро хеле дӯст дорам. Барои ҳамин, рӯзмарра, бале, рӯзмарра барои нашрияи интернетии “Фараж”-и Тоҷикистон як, ду ва баъзан аз он бештар хабару мақола мефиристам, – мегӯяд ин журналисти мобилӣ.

Ӯ дар хулосаи баёни раиси Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева мегӯяд: “…бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои интернетӣ бо пахши ахбори беасос ва бардурӯғ дар миёни ҷомеаи Ӯзбекистон нигарониҳоро ба бор овардаанд. Барои ҳамин талоши ҳукумати ин кишвар ба он равона шудааст, ки пеши роҳи чунин раванд ба таври мусолиматомез ва бо дарки маънӣ гирифта шавад, то ки мафкураи мардум, хусусан ҷавонони ин кишвар аз чунин хабарҳои дурӯғу беасос заҳролуд нагардад”.  Мавзӯи муҳим аст? Оре, хеле муҳим! “Фараж” номи гиёҳи талхест, ки шифобахш аст. Гоҳҳо суханони “талхи” Мирасрор низ ба дарди мардум шифо бахшидаву мебахшад.

Бояд гуфт, ки Мирасрори Фарғонӣ дар фейсбук ҳам хеле фаъол аст. Гоҳ-гоҳ наворҳои видеоии мустақими вайро тамошо карда, итминон ҳосил мекунам, ки гуфтораш фасеҳу равон ва барои ҳама фаҳмо аст. Боз ҳамон замон аз ҷои ҳодисаву воқеа, ё ҳар маҳфилу нишаст чунин “ташаббусҳо” зоҳир мекунад.

– Ман бо касби интихобкурдаи худ ҳамеша ифтихор мекунам. Журналистика барои ман ҳаёту мамот аст, зеро ҳамеша бо мардум ҳастам, дарду ҳолашонро мепурсаму мешунаваму ба дигарон мерасонам. Ҳарчанд журналист барои мукофот наменависад, аммо қадрдонӣ гардад, сараш ба осмонҳо мерасад. Ман аз ин қадрдонии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон хеле хушҳол шудам. Ин қадршиносӣ масъулиятамро дучанд намуд ва боз бештару беҳтар аз ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз чаҳор гӯшаи кишварамон ва берун аз он гузоришҳо хоҳам навишт, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо ва меафзояд:

– Президент Шавкат Мирзиёев дар паёми табрикиаш ба кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ қайд кард: “Дар ин рӯзҳо мулоқоти раҳбарони тамоми ниҳодҳо бо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, журналистон  ва муҳокимаи озодонаву ошкоро дар бораи масъалаҳои муҳиму мубрами ҳаёти ҷомеа анъанаи хубро касб намудааст. Мо чунин бархӯрдро аз равандҳои муҳими сиёсати кушодагӯӣ, ошкорбаёнӣ ва демократӣ мешуморем ва ин роҳи ба манфиатҳои миллиамон ҷавобгӯро қотеъона идома хоҳем дод”. Ҳамин гуфтаҳо, бешубҳа, барномаи кори ҳар қаламкаш қарор гирад.

Дар ин ҳарфҳои ӯ ягон муҳоботро наметавон пайдо кард, зеро Президент журналистонро ёрдамчии асосии худ медонад ва яке аз онҳо маҳз Мирасрори Фарғонӣ мебошад.

– Хоксориро як сӯ мегузораму мегӯям, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” очерку репортажнависиро вусъат бахшидам. Дар жанрҳои мухбирнома ё силсиламақола матолиби зиёд навиштаам ва минбаъд боз ин равандро идома хоҳам дод. Дар саҳифаҳои рӯзнома баёни ҳодисаву воқеаҳо аз тариқи жанрҳои гуногуни журналистика тақозои давру замон аст. Одамон низ хеле хуб эҳсос менамоянд, ки кормандони рӯзнома то чи ҳад орзуву ормонҳои онҳоро бароварда месозанд. Инро наметавон нодида гирифт ва наметавон гуфт, ки мардум кай донад мо чиҳо менависем. Барои ҳамин ман онҳоро эҳтиром мекунам ва барои онҳо менависам, – иброз дошт ин журналисти касбӣ.

Фаъолияти кории хабарнигори варзида Мирасрори Фарғонӣ байти пандомези Абуабдуллоҳи Рӯдакиро  ба ёд меоварад:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

27-уми июн дар Ӯзбекистон Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ    пуршукӯҳ  ҷашн гирифта шуд. Журналистони собиқадору соҳибистеъдоди кишвар ба  унвону ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар радифи ин гуна чорабиниҳо  натиҷаи  озмуни “Журналисти беҳтарини сол” эълон шуд.  Дар қатори   қариб 30 нафар журналисти кишвар ва хориҷӣ Мирасрор Аҳророви Фарғонӣ низ  пирӯзиро дар ин озмуни бонуфуз ба даст овард.  Бале, агар Мирасрор барин хабарнигори заҳматкаш  ва соҳиби таҷрибаи журналистикаи ҷаҳонӣ ғолиби ин озмун нашавад, кӣ   бояд ғолиб шавад?!

Ногуфта намонад, ки соли 2006 ҷоизаи Шӯрои иттилоърасонии ИМА ба номи Девид Буркро низ ба даст овардааст ва яке аз журналистони боҷуръати ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин соли 2012 дипломи дараҷаи аввали “Журналисти беҳтарини сол”-ро аз дасти раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона Муҳаммадҷон Обидов гирифтааст.

Ҳамкасби роҳнавардамонро бо ин дастовардаш муборакбод мегӯем!

Шоқаҳҳор Салими Истаравшанӣ

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин пирзӯзии ҳамкасби худро табрик гуфта, дар кору эҷодаш комёбиҳои беназир орзу мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь