Имруз зимни нишасти матбуотӣ дар ДБССТ дар бораи натиҷаву дастовардҳои соли 2023 ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иттилоъ дод, ки  дастовардхои байналмилалии донишгоҳ хеле назарас буданд.

Соли 2023-юм 58 сафари кории намояндагони раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ сурат гирифт, ки нисбат ба соли 2022 ду маротиба зиёд мебошад. Роҳбарияти  Донишгоҳ дар форумҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар доираи Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар  шаҳрҳои Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бредаи Шоҳигарии Нидерланд, Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Женеваи Швейтсария, Лондони Подшоҳии Британияи Кабир, Даҳваи Давлати Қатар, Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, Екатеринбурги Федератсияи Россия, шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. 6 омӯзгори Донишгоҳ дар озмуни Барномаи ҳамкории техникию иҳтисодии Ҳундустон барои солҳои 2023-2024 иштирок карданд. Дар баробари ин, 8 омӯзгори Донишгоҳ дар семинари байналмилалие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил шуда буд, ширкат варзида, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд, дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ табодули академии 98 донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё, Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь