Роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, сокинон ин вилоят, онҳое, ки ҳангоми кор дар хориҷ аз кишвар маъюб шудаанд, сарпастӣ кунад.

Аз Маркази матбуоти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки роҳбарияти раёсати мазкур дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомеро роҳандозӣ кард, ки аз ин ба баъд аз оилаҳои муҳоҷироне, ки ҳангоми кор дар хориҷа маъюб гаштаанд, ё фавтидаанд, дидан намояд ва онҳоро кумаку дастгирӣ кунад. Ин иқдом аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шуруъ шуд, ки зимни як сафари кории роҳбари тозатаъини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Саидзода Самад оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон  замини ин  сафари корӣ ба ноҳияи Вахш ба аёдати 3 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, ки ҳангоми фаъолият дар Федератсияи Русия маъюб гашта, ниёз ба кӯмаку дастгирии моддию маънавӣ доранд, рафтанд. Алиҷон Мирзохонов, Абдуқаҳор Эшматов ва Аскар Рустамов сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вахш ва 20-солагии истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Вахш мебошанд, ки ҳангоми фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия аз беэҳтиётӣ маъюб гашта, дигаре соли 2021 аз бемории қалб фавтидааст. Абдуқаҳор Эшматов аз соли 2015 бемори бистарӣ аст ва наздиконаш умеди солимии фарзандашонро аз даст доданд. Зимни аёдат роҳбарияти Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба волидайн ва наздикони ин шахсони дорои имконияти маҳдуд изҳори ҳамдардию таслият карда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамеша аз чунин оилаҳо пуштибонӣ мекунанд ва барои беҳдошти рӯзгори онҳо ҳамеша кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь