Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Тухтаев, ки ҳамзамон муваққатан вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро бар дӯш гирифтааст, футболбозони кишвари моро ба Банғола мебарад.

Имрӯз, 26 сентябр, таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, ба мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

Барои тайёрӣба мусобиқаи мазкур Алишер Тухтаев 24 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда даъват кардааст.

Дастаи мунтахаби миллии кишвар 29 сентябр ба Дакка сафар мекунад. Дар мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Непал (2 октябр) ва Фаластин (4 октябр) бозӣмекунад. Дар сурати баромадан ба нимфинал шогирдони Алишер Тухтаев бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” Филиппин, Банғола ё Лаос вомехӯрад.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев;

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (КМВА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

И.в. сармураббӣ – Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар Дакка

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Филиппин, Банғола, Лаос.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь