Дастаи мунтахаби футзоли Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гуруҳи «Е» ҷойи аввалро соҳиб шуд ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи Тоҷикистон дар даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар дастаи мунтахаби футзоли Мёнмор бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев заданд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ дастаи Фаластин бо ҳисоби 6:5 Ҳиндустонро шикаст дод, аммо ҳамагӣ 3 имтиёзро соҳиб шуду ба даври дигар роҳ наёфт.

Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозии интихобӣ пирӯз шуд. Шогирдони Пайрав Воҳидов бар дастаҳои Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) низ ғалаба карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар Ҷоми футзоли Осиё ширкат мекунад.

Ба ғайр аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мёнмор (гуруҳи “Е”), инчунин дастаҳои мунтахаби Тайланд (ба ҳайси мизбон), Чин (гуруҳи “A”), Афғонистон, Арабистони Саудӣ (гуруҳи “В”), Эрон, Қирғизистон (гуруҳи “С”), Ветнам, Куриёи Ҷанубӣ (гуруҳи “D”), Кувайт, Баҳрайн (гуруҳи “F”), Ӯзбекистон, Ироқ (гуруҳи G”), Ҷопон, Австролиё (гуруҳи “Н”) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь