Аз 25-ум то 29-уми марти соли равон дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбакистон мусобиқа байналмиллалии футбол зери унвони «Ҷоми Наврӯз-2022» баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” чаҳор дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Уганда ширкат меварзанд. Мусобиқа аз марҳилаи ниманиҳоӣ оғоз меёбад. Дар ин марҳилаи мусобиқа тими миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо дастаи мунтахаби Уганда рақобат мекунад.
Дар ҳамин рӯз бозии дигари даври ниманиҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Қирғизистон доир мегардад. Ғолибони ҷуфтҳои марҳилаи нимфинаӣ барои ба даст овардани “Ҷоми Наврӯз-2022” дар марҳилаи ниҳоӣ байни ҳам мубориза мебаранд.
Дастаҳое, ки дар даври 1/2 -финал дучори шикаст мешаванд, барои соҳиби ҷойи сеюм шудан, вориди майдони набард мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Навбаҳор»-и шаҳри Намангон сурат мегиранд. Ташкилкунандаи “Ҷоми Наврӯз-2022” Ассотсиатсияи футболи Узбакистон мебошад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»
Нимфинал
25 март (ҷумъа)
16-00 — Уганда — ТОҶИКИСТОН
Соати 20 — Узбакистон — Қирғизистон
29 март (сешанбе)
16-00 — Бозй барои ҷойи сеюм
20-00 — Финал