Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Маҳмудҷон Дадобоев, дирӯз, 29-уми октябр, дар 51-солагӣ аз олам даргузашт. То ҳанӯз расман иллати марги ин рӯзноманигор эълон нашудааст.

Маҳмудҷон Дадобоев моҳи ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аз охири солҳои 90-ум то 2003 мудири ширкати телевизион ва радиои Симои мустақили якум ва як муддат сардабири нашрияи “Суғд” буд. Ҳамчун мудири кулли ширкати телевизионии “Ҷаҳоноро” ва намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст.

Сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд низ буд, вале соли 2017 аз ин мақом бо хоҳиши худ канор рафт. Солҳои ахир дар давраҳои омӯзишӣ ба хабарнигорон шеваҳои нави бозтоби мавзуъҳоро дарс медод.

Ба гуфтаи раиси дафтари Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар Суғд Илҳоми Ҷамолиён, «ӯ (Дадабоев-ред.) аз ҷумлаи пешоҳангони рушди расонаҳои мустақил, бахусус расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ТОП-менеҷерони муваффақе ба шумор мерафт ва дар ин самт соҳибмактаб буд”.

Ин талафоти дуюм дар журналистикаи тоҷик дар ин моҳ дар вилояти Суғд аст. Дар оғози моҳ хабарнигори дигари шинохта дар вилояи Суғд Мавлуда Рофиева дар 56-солагӣ аз дунё даргузашт, ки аз «илтиҳоби шуш» ранҷ мекашид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь