Дирӯз, 9-уми январи соли 2022, журналисти маъруф, муаллифи чандин барномаҳои шуниданиву диданӣ дар радиову телевизион, муаллиф ва таълифгари китобҳои зиёд, повесту романҳои детективӣ Ҳокими Азиз баъди як беморӣ дунёро такр кард.

Ҳокими Азиз хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз соли 1986 дар радиои тоҷик фаъолиятро шурӯъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ силсилагуфтори «Дар сӯҳбати адиб» – ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» – и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 ба телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.

Муалифи барномаи саргармкунандаи «Сӯҳбати мардона» (1997-2000)  буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Фаъолияти минбаъдааш ба матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста аст. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Ба ҳикояву қиссанависӣ ҳам рағбат дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь