Журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири нашрияи «Крим-инфо» Гулчеҳра Усмонова, ки аз беморӣ ранҷ мекашид, дар 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Гулчеҳра Хайруллоевна солҳои зиёд дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муҳаррири бахши русӣ буд ва инчунин, чанд сол муҳарририи нашрияи “Крим-инфо”-ро бар уҳда дошт. Ин журналисти хушном бо забони русӣ менавишт ва мақолаву навиштаҳои ӯро бисёриҳо дар саҳифаҳои нашрияҳои русизабони Тоҷикистон хондаанд. Кори омӯзгорӣ ҳам кардааст ва аз забони русӣ ба шогирдон дарс мегуфт.

Маросими бахоксупории Гулчеҳра Усмонова имрӯз, 7-уми июн, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе барпо гардид.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва вебгоҳи farazh.tj аз марги нобаҳангоми ҳампешаи худ Гулчеҳра Усмонова андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ин талафотро таслият мегӯянд. Хонаи охирати марҳум обод ва маконаш биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь