Рӯзноманигори маъруфи кишвар Аваз Юлдошев 9-уми феврал дар синни 63-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт.

Оҷонсии хабарии «Азия Плюс» дар бораи Аваз Юлдошев, ки марҳум солҳои тӯлонӣ дар ин хабаргузорӣ кор мекард, навишатааст, ки ӯ соли 2008 ба «Азия-Плюс» омада, дар гузашта қариб 10 сол дар вазифаи сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то ин дам дар маркази матбуоти Кумитаи гумрук кор кардааст ва хатто пештар, дар миёнаи солхои 90-ум муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон» буд. Дар «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти хабарӣ ва хабарнигори парлумон буд. Бо ростқавлии худ, бо дипломатияи нофаҳмоаш солҳои тӯлонӣ ҳам дар порлумон ва ҳам дар доираҳои ҳукуматӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабарҳо ба даст овард.

Аваз Юлдошев на танхо журналисти боистеъдод, балки мутахассиси барчастаи сохаи худ буд. Гузоришҳои дақиқ ва холисонааш ҳамеша таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карда, барои бисёре аз ҳамкасбони худ меъёр боқӣ мондааст.

Талафоти ногаҳонӣ дар дили ҳамкорон, дӯстон ва хонандагон як холигии ҷуброннашаванда мегузорад. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми ҳампеша ва дӯсти гиромии худ Аваз Юлдошев андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон, дӯстону хонандагони ӯ таслият арз мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь