Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ ва устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоми 7-уми феврал, дар 54-солагӣ аз олам даргузашт.

Пайвандонаш гуфтанд, ки Қутбиддин Мухторӣ то дирӯз аз саломатӣ шикоят надошт, вале шаби гузашта вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.

“Муаллим як шабонарӯз дар шуъбаи бемориҳоли дили бемористони “Шифобахш” бистарӣ шуд ва тақрибан соати 17:00 дар беморхона аз олам чашм пӯшид. Ба эҳтимоли зиёд, Қутбиддин Мухторӣ аз сактаи қалб даргузашт”, – гуфтааст яке аз пайвандонаш ба АП.

Ҷанозаи марҳум 8-уми феврал дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаи №19-и зодгоҳашро хатм кардааст.

Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дар соли 1993 мебошад. Инчунин, фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.

Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то кунун дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорни ҷавон дарс мегуфт. Марҳум яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта шуда буд.

Рисолаи номзадиро соли 2002 ва рисолаи докториро соли 2020 дифоъ кардааст.

Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ буд. Солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.

Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми устоди гиромӣ ва инсони нек Қутбиддин Мухторӣ андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон, дӯстону шогирдони ӯ таслият арз мекунад.

Ҷуз ба некӣ ҳеч тухме ӯ дар ин дунё накишт.

Рафт Мухторӣ, ки гӯяд дарс бар аҳли биҳишт!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь