Дирӯз, 17-уми март, овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Умар Зиёев дар синни 73-солагӣ дар Душанбе аз дунё чашм пӯшид. Ҷанозаи ӯ имрӯз баъд аз зуҳр дар Душанбе ба хок супурда мешавад.

Умар Зиёев 28-уми феврали соли 1951 дар ноҳияи Ваҳдати вилояти Сталинободи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Умар Зиёев солиёни дароз дар ансамбли эстрадии «Гулшан» фаъолият карда, уновнҳои Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро (2000) ба даси овардааст.

Умар Зиёев хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон аст. Соли 1974 ба ансамбли эстрадии «Гулшан» даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Солҳои охир роҳбари дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

«Эй офтоб», «Тоҷикистони бахтиёр», «Паймонаи дил», «Зулфи парешон», «Дидам туро», «Боз омадӣ», «Чаро», «Бо ту», «Баҳорам», «Дилбари ман», «Эй соқӣ», «Туро ман дӯст медорам», «Марав», «Шаби маҳтоб», «Ҷустуҷӯят мекунам», «Мадеҳ озорам», «Биё бимон», «Пиёла», «Азизам», «Фариза» аз беҳтарин таронаҳои сурудааш мебошанд, ки дар дили ҳаводорони суруду мусиқӣ ҷой гирифтаанд.

Маркази тадқиқоти журналистии  Тоҷикистон аз марги Умар Зиёев, овозхони маҳбуб, андуҳгин буда, ба хешону пайвандон, шогирдону мухлисонаш изҳори таслият мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь