Имрӯз яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ Шодӣ Давлатович Шабдолов дар синни 80-солагӣ аз дунё гузашт. Ӯ чанде пеш ҷарроҳӣ шуда буд, хабар медиҳад АП.

Шодӣ Шабдолов 17-уми октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Арбоби ҳизбии шӯравӣ, вакили парлумони Тоҷикистон (1989-2015), раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (солҳои 1991 -2016) буд.

Номзади илмҳои иқтисодӣ буд. Солҳо сармуҳандиси Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ шуда кор кардааст.

Солҳои 1983-1985 муовини мудири шуъбаи ташкилии КМ Ҳизби коммунистии Точикистон шуда кор мекард. Солҳои 1985-1989 котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ буд. Солҳои 1989-1991 мудири шӯъбаи саноат, котиби идеологии КМ ҲК Тоҷикистон буд. Солҳои 1989 – 2015 вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст ва баъдан аз рӯи рӯйхати ҳизбии Ҳизби коммунист вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1991 раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Ӯ қариб 25 сол роҳбарии ин ҳизбро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь