Имрӯз, 30-юми май, дар шаҳри Душанбе сарояндаи номдор Бунафша Шокирова дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда, яке аз сарояндаҳои маҳбуб буд ва солҳои тӯлонӣ дар ансамбли овозадори “Дарё” фаъолият дошт.

Бояд ёдовар шавем, ки 28-уми майи соли ҷорӣ наздикони ҳунарманд ба ВАО-и Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бо гирифтории бемории шадиде ҳунарманд дар “Қарияи боло” бистарӣ гардид.

Бунафша Шокирова 18 июни соли 1972 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Шеваи хоси сарояндагӣ дошт ва бештар дар ҳавои таронаҳои мардумӣ суруд мехонд.

Рушанфикри тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар мегӯяд, ки Бунафша шеваи хоси сарояндагӣ дошт: “Фаъолияти эҷодии ӯ дар ансамбли овозадори “Ганҷина” оғоз шуда, солҳои тӯлонӣ дар ансамбли “Дарё” фаъолият дошт. Маҳз дар ин дастаи ҳунарӣ номдору овозадор шуд. Солҳои охир дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекард. Салиқаи хоси сарояндагӣ дошт. Мардум ӯро дӯст медошанд. Ёдаш ба хайр!”.

Ёду номи ҳунарманди асили тоҷик шоду ҷовидон бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь