Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Урунбек Ҳамдамов дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Сардорбек Солиев, шогирд ва яке наздикони Урунбек Ҳамдамов, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Суғднюс» гуфт, ки ӯ пас аз беморӣ даргузашт. Сароянда имрӯз дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷабборрасулов ​​ба хок супурда шуд.

Урунбек Ҳамдамов 18 марти соли 1946 дар дехаи Узбекқишлоки ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​ба дунё омадааст.

Соли 1966 факултети таълими ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм кардааст. Баъди таҳсил дар Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси сароянда фаъолияти эҷодии худро оғоз кардааст. То соли 1990 дар саҳнаи театр кор кардааст. Ӯ яке аз беҳтарин иҷрокунандагони сурудҳои классикӣ ва халқӣ ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ буд.

Соли 1979 Урунбек Ҳамдамов Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон шуд. Вай дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон ва Туркия сафари ҳунарӣ кардааст.

«Дӯстонро гум макун», «Дорад ҳавас», «Вафодорӣ», «Соғари умед», «Як даста гул», «Биншин», «Муждаи васл», «Ҷони ошиқ», «Тири нигоҳ», «Мушкил», «Ба ёр гуфтем», «Парвона медонад», «Чӣ суд», «Ганҷи бебаҳо», «Бигзарад», «Ошиқ шав, эй дил», «Файзи баҳор» аз беҳтарин ва машҳуртарин сурудаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь