22-юми апрели соли 2023 журналист ва нависандаи маъруфи тоҷик Раҷаб Мардон дар синни 83-солагӣ аз дунё гузашт.

Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод: Пас аз итмоми таҳсил соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи факултаи Университети давлатии Тоҷикистон, феълан Донишгоҳи миллӣ буд. Баъди хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ, сипас мудири шӯъбаи адабиёт кор кард. Сипас дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» фаъолият кард.

Соли 1969 Раҷаб Мардон барои хидмати афсарӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР даъват шуд ва дар вазифаи қумандони даста то соли 1971 ифои вазифа кар. Баъди хидмат як муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») ва Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳарир кор кард. Баъдан Раҷаб Мардонро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», ҳоло «Ҷумҳурият», барои кор хонданд. Ибтидо ходими калони адабӣ ва баъдан мудири шӯъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти ин рӯзнома буд.

Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъйин карданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон баъд аз хидматҳо ба халқу ватан бознишаста шуд. Дар давоми 12 соли бознишастагӣ Раҷаб Мардон рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътимоди қавӣ пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи давлатии андоз саҳм гузошт. Раҷаб Мардон дар тули фаъолияти рӯзноманигори бо унвони Журналисти хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени шараф дараҷаи ду ва як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷӯйӣ пардохта, очерку ҳикояҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд. Китоби очеркҳои ӯ «Мошинсозон» (1981), «Бунёдгузорон» (1987) ва «Дарёи нур» (1987) аз рӯзгору пайкори коргарони муасиссаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони нерӯггоҳҳои барқи обии Нораку Роғун ва нақбсозони Данғара ҳикоят мекунанд.

Баъдан асарҳои ӯ «Марде собит ҳамчу кӯҳ» (1984), «Оташи дил» (1993), «Дар ҳалқаи занон» (1997), «Ҳикмати умр» (2011), «Кохи ҳуҷҷатҳои муқаддас» (2013), «Сабри ӯ амали комил дошт» (дар бораи Абдулаҳад Қаҳҳоров, 2013) дастраси хонандагон гардидаанд.

Ёди ҳамкор гиромӣ бод! Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз рафтани Раҷаб Мардон андуҳгин буда, ба пайвандонаш таслият арз мекунад. Макони марҳум биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь