Раиси ширкати “Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев, ки зиндонӣ буд, бар асари беморӣ даргузашт. Чанде пеш вазъи ӯ дар зиндон бад шуда, ба бемористон интиқол дода шуда буд ва як моҳи охир дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” дар Душанбе аз захми меъда табобат мегирифт.

Пизишкон қаблан гуфта буданд, ки ӯ аз солҳои пеш дарди меъда доштааст ва беморияш дар зиндон хуруҷ кардааст. Ӯро ба наздикӣ ҷарроҳӣ карда буданд.

Раиси ширкати “Умед 88” соли 2017, баъд аз танқиди президент аз кори ӯ, боздошт ва бо гуноҳи “тасарруфи молу мулки давлатӣ” ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот Раҷабалӣ Одинаевро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчун қарз ба ширкати ӯ дода буд, айбдор карданд.

Сипас ба парвандаи ӯ “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” ҳам зам шуд. Наздиконаш айбномаи ӯро рад карда гуфта буданд, агар Одинаевро озод кунанд ӯ метавонад бо фурӯши амволаш қарзи нерӯгоҳи “Роғун”-ро баргардонад, вале мақомот ин пешниҳодро напазируфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь