Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон адиб Муҳиддин Хоҷазод дар синни 86-солагӣ дар Хуҷанд аз дунё даргузашт.

Муҳиддин Хоҷазод бо азму иродаи қавии эҷодӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби беҳтарин анъанаҳои насрнависӣ ва сохтмонҳои бузурги аср – нерӯгоҳҳои обии барқии «Норак», «Сангтӯда» ва «Роғун», баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардум, тарбияву камолоти насли ояндасоз нақши бориз ва арзанда гузоштааст.

Муҳиддин Хоҷазод 23-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд кӯч бастааст. Солҳои 40-и асри гузашта аз Самарқанд ба Душанбе кӯчидааст. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултети филологияи рус, сипас филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, соли 1961 хатмаш кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст.

Баъди хатми он (1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа кардааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъди муттаҳид шудани Кумитаи кинематографияву Вазорати фарҳанг аввал сардори Раёсати санъат, баъдан сармуҳаррири он будааст.

Соли 1997 бо аҳли хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд чун ҷонишини сардор, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ чун сармуҳаррир кор кардааст.

Дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.

Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд.

Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд. «Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд.

Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.

Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба табъ расидаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон (2010) шудааст, барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, бо ифтихорномаҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф», унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон аст.

Маросими видоъ бо Муҳиддин Хоҷазод фардо, 27-уми март, соати 9:00 дар назди бинои истиқоматиашон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 19, хонаи 2 баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь