Модари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли «Сомон» Афзалшоҳ Шодиев бар асари беморӣ субҳи имрӯз аз дунё гузаштааст. Дар ин бора наздикони ҳунарманд дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Моҳбону Раҳмонова, модари Афзалшоҳ Шодиев, дар деҳаи Ғусари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекард. Гуфта мешавад, ӯ 82 сол дошта, як ҳафтаи охир аз беморӣ ранҷ мекашидааст. Бино ба иттилои наздикони марҳум намози ҷанозаи ӯ имрӯз, 6-уми июл,  соати 14:00 дар деҳаи Ғусар хонда мешавад.

Кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги модари сарояндаи маъруф Афзалшоҳ Шодиев сахт андуҳгин буда, ба ҳунарманд таслият арз мекунанд. Макони модар биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь