Ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев шаби 15-уми май ба асари як ҳамали қалбӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ дирӯз дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Назирмад Мӯсоев дар собиқ ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) ба дунё омада, пас аз итмоми таҳсил дар  ВГИК-и шаҳри Москва дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон  нақш офаридааст.

Хатмкардаи Институти давлатии ҳунарҳои театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1976). Аз ҳамон сол дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба фаъолият пардохт ва то охири умр дар ин боргоҳи ҳунар кор кард.

Дар беш аз шаст спектакл аз қабили «Арӯс ва домод», «Мавзӯъи озод», «Гирдоби боло», «Таронаҳои муҳаббат», «Умед», «Алафҳои бегона», «Пари қу», «Ғори саламандра», «Суруди зиндагӣ», «Дар ҷустуҷӯи бахт», “Нафси бад балои ҷон, «Илоҷи беилоҷӣ аст» нақш бозида, ҷаҳони қаҳрамононашро хуб кушодааст.

Назирмад Мӯсоев соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми «Ӯ маро хуш дорад» («Я ей нравлюсь») маъруф шуд.

Дар филмҳои телевизионии «Тӯй барпо нашуд», «Имтиҳон», «Кӯҳи уқобон», «Алии сонӣ», «Рамида», филмҳои бадеии «Ман ба вай маъкул», «Ал-Бухорӣ», «Пуштаи хандақпеч» ва ғайра нақш бозидааст.

Назирмад Мӯсоев 15 майи 2021 дар синни 69-солагӣ ҳангоми овоздиҳӣ дар як филми «Хатлон синамо» дар шаҳри Бохтар бар асари бемории дил даргузашт. Нисфирӯзии 16 май ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе дафн карданд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги бемаҳали ҳунарманди маъруф Назирмад Мӯсоев андуҳгин буда, ин талафотро ба кулли санъаткорони кишвар ва дӯстдорони театру синамо таслият мегӯяд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь