Гулчеҳра Фозилова, корманди нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон», як тан аз куҳнакорони матуботи тоҷик, дар Душанбе аз дунё даргузашт.
Марҳум солҳои тӯлонӣ дар идораи нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» кор кардааст ва чандин тан аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар ӯро ҳамчун хоҳар ва хола медонистанд, чун Гулчеҳра Фозилова модарвор дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекард.
Маросими видоъ бо Гулчеҳра Фозилова пеш аз намози ҷумъаи имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Шодӣ баргузор мешавад.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми ин зани сарсупурдаи матуботи тоҷик андуҳгин буда, ин талафотро ба ҳамаи пайвандону наздикон ва дӯстону ҳамкорон таслият мегӯяд. Руҳаш шод ва маъвояш биҳишт бод!
Блоки рекламавӣ