Субҳи имрӯз дили донишманд ва журналисти маъруфи тоҷик, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён аз тапидан бозмонд.

Маросими видоъ бо марҳум имрӯз, соати 12:00, дар масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг баргузор мешавад.

Зафар Мирзоён соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар хонаводаи корманди давлатӣ ба бунё омадааст. Хатмкардаи факултети шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1994). Таҳсил дар мактаби миёнаи №1 ноҳ.Ховалинг (1952-1962), донишҷӯ (1967-1972), ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи  идеологии комитети партиявии  ноҳ.Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи  раиси ш.Кӯлоб (2003-2007). Мирзоев аз ҷумлаи  шоҳномашиносони шинохтаи кишвар дониста шудааст.

Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ кардаст. Ҳамзамон  солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш  гузаронидааст. Мирзоев дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба  табъ расонидааст. Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги олим, ҳамкасб ва ҳамкори собиқ андуҳгин буда, ҳамдарии худро нисбати ин талафот ба кулли мардуми тоҷик ва наздикону пайвандони марҳум баён мекунад. Макони устод биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь