Аслам Додихудоев, собиқ сармуҳаррири “Ахбор”-и ТВТ, собиқ роҳбари дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, 13-уми ноябри соли 2023, дар синни 77-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ӯро дар ҷомеаи маданӣ ба ҳар гуна ва шевае ном мегиранду таъриф мекунанд: бархе Устод, баъзеҳо Акаи Раҳматшо, чандеи дигар Муаллим ва боқимонда Асламшоҳи муҳаррири хушкору журналист мегуфтандаш.

Беш аз 50 соли умри худро дар роҳи журналистика сарф карда, то ба вазифаи сардабирии барномаи “Ахбор” дар ягона шабакаи телевизионии вақти кишвар расид.

Замони фаъолият дар телевизион аз ваколату симматаш ҳеч гоҳ истифодаи сӯ накард. Ба касе хушомад назад, ҳақ гуфту воқеиятро инъикос кард. Шогирдони зиёдеро тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят кард. Худ, ки хештаншинос буд…, ба пайравону равандагони роҳаш ҳамин хислатро омӯхт.

Баъдан, барои идомаи фаъолият ба ҳукумат (Девони вазирон) ва аз он ҷо ба Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифаи роҳбари Маркази матбуот даъват шуд. Солҳои фаъолияти ӯ дар ин ниҳоди молиро метавон аз давраҳои тиллоии фаъолияти БМТ ном бурд. Маҳз дар ҳамин давра (1999/2000) арзи миллӣ – сомонӣ ба гардиш ворид шуд.

ҲОЛНОМАИ КӮТОҲ:

Асламшо (Раҳматшо) Додихудоев соли 1946 дар деҳаи Жовиди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст.

Баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Донишгоҳи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дода, онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд.  Баробари таҳсил ӯ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буд. Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи автомобилтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион шуда кор кард.   Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури “Негатив” ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд. Соли 1992-1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст. Солҳои 1993- 1995 мухбири ширкати телевизиони байналдавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то даҳаи асри нав сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” шуда кор мекард.  Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон” ноил шудааст. Аъзои Раёсати ИЖТ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь