Дар робита ба вазъ ва даргириҳои мусаллаҳона дар марз дар шаҳри Исфара,  бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, машварати корӣ баргузор шуд.

Дар машварат таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссияи ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфтааст. Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд корбарӣ мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд.

– Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд, – гуфтааст Раҷаббой Аҳмадзода.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз сокинони наздимарзӣ даъват кардааст, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиёро аз даст надиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь