Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нусха ба раиси Маҷлиси миллии МО, раиси шаҳри Душанбе,  муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба прокурори генералии Тоҷикистон, муҳтарам  Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба раиси Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мавлуда Қаландарзода

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз Шумо эҳтиромона бахшиш мепурсам, вале маҷбурам қалам ба даст гирам ва арзи дил кунам. Арзи дили як модар аз шаҳри Норак.

Оилаи мо, Маҳмадқуловҳо, аз 42 нафар иборат аст. Хушбахтона соҳиби 7 писар ҳастам. Ҳамаи писаронам тарбияи хуб гирифта, ба ватан содиқанд ва ватани худро дӯст медоранд.

Соли 1995 як қисми фарзандонам аз сабаби мушкилоти зиндагӣ мисли дигар ҷавонони тоҷик ба Федератсияи Русия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Ба шарофати меҳнати онҳо зиндагониамон хуб шуд, писарони хурдиам дар донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ таҳсил мекарданд. Падари фарзандон ва ман маҷбур кардем, ки онҳо ба ватан баргарданд ва барои ободии Ватани худ саҳмгузор бошанд. Онҳо як қисми молу мулки дар Русия доштаашонро фурӯхта, ба ватан баргаштанд.

Соли 2004-ум кӯли “Комсомол”-и шаҳри Норакро, ки тамоман хароб шуда буд ва ҳамагӣ 2 дарахт дошт, ба иҷора гирифтанд. Маблағи зиёде сарф карда, кӯлро обод карданд ва барои мардуми шаҳр ва меҳмонони он ҳамаи шароитҳоро муҳайё карданд.

Меҳнати писарони маро Ҳукумати онвақтаи шаҳри Норак қадрдонӣ карда буданд. Соли 2005 дӯкони мавсимии назди кӯли номбурда, ки корношоям буд, аз тарафи Ҳукумати шаҳри Норак фурӯхта шуд. Дар ҷойи ин бинои харобгашта қаҳвахонаи мавсимии замонавӣ бунёд карданд. Баъди ин ободкориҳо Ҳукумати шаҳри Норак заминҳои гирду атрофи кӯлро, ки санглох буда, аз теппаву ҷариҳо иборат буд, бо қарори раиси Ҳукумати шаҳр бо мақсади сохтмони ҷойҳои фароғатӣ ва хӯроки умум вобаста кард.

Соли 2008-ум дар байни кӯл ва дарёи Вахш қаҳвахонаи афсонавие сохтанд, ки тамоми ҳунарҳои мардумии миллати моро дар бар мегирад, сохтанд. Ин қаҳвахона диққати мардуми шаҳри Норак ва меҳмонони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, дар сомонаҳои интернетӣ машҳур шуд. Ҳатто аз 9 ноябри соли 2014 дар шабакаи байналмиллалии “МИР-24” давоми ду ҳафта пай дар пай қаҳвахонаи афсонавии мо, дар бораи кӯдакони маъюб ва ҷалби туристони хориҷӣ барнома нишон доданд.

Азбаски дар оилаи мо ду набераи маъюб таваллуд шуд, падараш боқимондаи молу амволи дар Русия бударо фурӯхта ба ватан баргашт ва хост дар як қисми замини номбаршуда барои кӯдакони маъюби шаҳри Норак Маркази тавонбахшӣ созад. Мутаассифона, Ҳукумати шаҳр ба ин муқобил баромад. Ба ин нигоҳ накарда, соли 2012 бе ягон сармоягузорони хориҷӣ аз ҳисоби худамон писарам Олимҷон ба хотири фарзанди маъюбаш Ташкилоти волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуди “Маҳдӣ”-ро, ки номи писараш аст, ташкил намуд ва қариб 200 нафар кӯдаки маъюбро ҷамъ кард. Хост, ки ба хотири Ташкилоти номбаршуда Маркази табобатии кӯдакони имконияташон маҳдудро созад, вале Ҳукумати шаҳр бо баҳонаҳои гуногун чанд маротиба Лоиҳаи (барномаи) пешниҳодшударо дастгирӣ накард.

Соли 2012 писарам дар маркази шаҳри Норак хонаи 3-ҳуҷрагиро ба иҷора гирифта, онро “Хонаи умед” барои кӯдакони маъюб номид. Дар он ҷо ҳамарӯза то 20 нафар кӯдаки маъюб дарсҳои (машғулиятҳои) томактабӣ, логопедӣ ва тавонбахширо ройгон мегирифтанд. Дар давоми 2 соли фаъолияти “Хонаи умед” ягон маротиба  ҳукуматдорони шаҳр, агарчанде мо чандин маротиба даъват карда будем, бо сабабҳои номаълум наомаданд.

Ҳар сол 1 июн ва дигар рӯзҳои ид мо барои кӯдакони маъюб консертҳо, туҳфаҳо ва дигар барномаҳо ташкил мекардем. Дар ҳамин рӯзҳо, ки дар воситаҳои ахбори умум 5-6 маротиба шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ фаъолияти моро намоиш медоданд, намояндагони Ҳукумати шаҳр иштирок намекарданд. Сабаб дар чист?

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Писарони ман ғайр аз ин корҳо боз аз соли 2003 то инҷониб сарпарасти шуъбаи касалиҳои руҳии беморхонаи шаҳри Норак мебошанд.

Соли 2009 шартномаи иҷораи кӯл, ки ба муҳлати 5 сол (2004 – 2009) ба иҷора дода шуда буд, ба охир расид. Кӯлро гирифтанд. Ҳоло кӯл ба харобазор табдил ёфтааст.

Аз соли 2010 то инҷониб сеюм маротиба барои ин қитъаи замин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Хулоса, 15 августи соли 2019 бо туҳмати шахсони номаълуми амалдор тамоми қарорҳои молу мулки писарони маро бо ҷаримаи 2,5 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бекор карданд. Пас аз ин қадар хизматҳои писарони ман дар назди Ватан, кӯдакони маъюб, ки аз соли 2003 то инҷониб зиёда аз миллионҳо сомониро хайр кардаанд, куҷо шуд?

Аҷиб ин аст, ки судя Сафарзода Л, ки ин ҳукмро бароварда буд, айни замон дар маҳбас аст. Барои гирифтани ришва. Магар мешавад ба қарори баровардаи вай бовар кард?

Чаро Прокуратура ва коркунони ҳукумати шаҳри Норак бо туҳмати бардурӯғ гӯё писарони ман 90 (навад) сомониро ба давлат насупоридаанд, ҷазо муқаррар карданд.

Чаро вақте, ки ба шаҳри Норак меҳмонони расмии давлатӣ (то президентҳои дигар кишварҳо) меоянд, писарони маро ба ошпазӣ мебаранд? Ҳукумати шаҳри Норак чандин солҳо аз номи писарони ман дар назди Ҳукумати вилояти Хатлон ҳисобот медиҳанд, гӯё тамоми кӯдакони маъюбро дастгирӣ мекунанд. Имрӯз бошад писарони ман айбдору пушти дар!!!

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Шукронаи Шумо барин Ҷаноби Олӣ мекунам, ки ватани обод дорем, фарзандони ватандӯст ва инсонпарвар дорам. Вале барои як замине, ки 15 сол боз меҳнат мекунему ба ин аҳвол гирифтор шудаем, ба даҳшат омадем.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин мушкили фарзандони маро ҳал намоед. Ё иҷозат диҳанд, ки сохта обод кунанд, ё ин ки хароҷоти меҳнаташонро гардонанд, ки боз ба муҳоҷирати дигар давлатҳо баромада нараванд. Ман ба ҳамин 69-солагиам боварӣ дорам, ки дар давлати бегона ҳам меҳнат кунам, бо дӯзандагию пазандагии худ ризқи кӯдакони маъюбамро меёбам, лекин Ватан Ватан аст. Хоки Ватан, меҳри Ватан дигар аст. Тоҷикистон дигар аст!

Имрӯз фарзандони маро ҳам аз замину ҳам аз ҳама намуд сохтмону ҷиҳози дар он буда, маҳрум сохтаанду ҳам 2,5 ҳазор ҷарима бастаанд, аммо дар кадом асос, ҳеҷ кас намефаҳмонад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо тарафдори гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон мебошем, вале корхонаи мо ва ҳуҷҷатҳои онро бе ягон суд, бе ягон адвокат бекор («аннулировать”) кардаанд. Охир он корхонаи оддӣ набуд: ҳам нони даҳонамон буд, ҳам ҷойи корӣ ва дармонгоҳи дармондагон буд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо дигар ягон дороӣ надорем. Оилаам хеле калон аст, хонаам соли 1960 сохта шуда, хеле оддӣ аст. Акнун чи кор кунем? Фарзандонам боз ба Федератсияи Русия ба муҳоҷират раванд?

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Аз Шумо зорӣ ва хоҳиш менамоям,ба ман, модари бо мушкилиҳои фарзандон дар нимароҳ монда, кӯмак расонед. Дигар мадорам намондааст.

Бахшиш мепурсам, вале такрор мекунам, агар ба кадоме ҳамин порчаи замин назар ба кӯдакони маъюб, нисбат ба оилаи ман ва фарзандонам “бисёртар” зарур бошад, диҳанд, вале хароҷоти меҳнати фарзандони маро баргардонанд. Мо ба Шумо пайравӣ карда хостем Ватанамонро обод кунем, ба кӯдакони маъюбу музлим ёрии худро расонида, онҳоро дастгирӣ намоем, вале, ҳайҳот, ба мақсадамон нарасидем.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ҳалли мушкилии маро ва амнияти фарзандонамро аввал ба Худо, баъд ба Шумо месупорам.Ба наздикӣ суди шаҳри Норак баргузор мешавад ва ман хоҳиш дорам, ки он одилона баргузор шуда, ақалан хароҷоти кардаи фарзандони маро баргардонанд!

Бо камоли эҳтиром,

модари оилаи Маҳмадқуловҳо

Тоҷинисо Ашуралиева

P: S: Ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар редаксия маҳфузанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь