Ривоҷ ёфтани бемории зардпарвин боис шудааст, ки дар дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ аз беморон маълумотнома дар бораи ҳепотит (гепотит) талаб кунанд. Гуфта мешавад, ки бе пешниҳоди чунин маълумотнома ҳеч кадом пизишки дармонгоҳҳои давлатӣ ба дарди дандони касе расидагӣ нахоҳад кард.

Дар ҳамин бора журналист Комилзода Аҳмадшоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ навишт ва ба вазири тандурустӣ муроҷиат кард, то ба доди беморон расад. Журналист баъди муроҷиат ба вазир қиссаи ба дарди дандон гирифтор шудану талаби маълумотномаи ҳепотиту билохира дар дандонпизишкии хусусӣ кандани дандонаш навишт: «Имрӯз пагоҳӣ дар пайи дандондарди шадиди шабона рост ба Маркази саломатии шаҳрӣ (собиқ поликлиникаи №1) рафтам. Умедвор будам, ки дандонамро мекананду ҷонам аз дард халос мешавад, вале табиб аз рӯйи курсии табобат маро фуроварда гуфт, ки “бе доштани маълумотнома дар бораи Ҳепотит комилан ҳеч коре карда наметавонам, бубахшед”. Ба берун баромадам, зане доду фарёд бардошта буд, ки мехоҳад тифли хурдсоли беморашро сӯзандору бигузаронад, вале табибон аз иҷрои кор даст кашида буданд. Тифл дар рӯйи дастони модараш беист гиря мекард. Зан мегуфт, ки барои гирифтани маълумотномаи Ҳепотит пул надорад , ғайр аз ин маълумотнома пас аз як рӯз омода мешавад, охир тифли беморашро чӣ кор кунад? Модарони ҳайратзада дар атрофи ин зани парешон ҷамъ шуда, бо алам ба ӯ нигоҳ мекарданд. Ман ҳам барои гирифтани маълумотнома ба шуъбаи навтаъсиси Ҳепотит рафтам. Духтари хушсурате ба ман гуфт, ки нархи як маълумотнома аз 30 то 50 сомонӣ аст, вале натиҷаи ташхис фардо омода мешавад. Ман аз шиддати дард гуфтам, ки “мехостам дандонамро биканам, охир шаби дароз хоб накардаам!” Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки “коре карда наметавонам, супориш аз боло аст!”. Дубора ба назди табибон омадам. Чанд нафар дар атрофи ман ҷамъ шуда, фаҳмонданӣ мешуданд, ки “дар шаҳр бемории зардпарвин ривоҷ ёфтааст, супориш аз боло аст: бе нусхаи маълумотномаи ҳепотит ҳеч коре карда наметаонем!”. Ҳар қадар фаҳмондам, ки дарди дандонам шадид аст, онҳо ақиб мегурехтанд. Занон баҳси моро шунида, наздик омаданд ва садои арзу шикояти онҳо боло шуд. Гуфтам “агар ягон кас аз дард бимирад, аввал бояд як рӯз маълумотнома интизор шавад?” “Супориш аз боло аст” – посух танҳо ҳамин ҷумла буд. Занони гирёну нолонро ба ҳоли худашон гузошта, аз дармонгоҳ берун шудам.

Аз шиддати дард дар тамоми шаҳр табибони ошноямро занг задам, то табобатгоҳи шахсӣ ёфтам. Ӯ дандонамро канд ва ҷонам аз дард халос шуд.

Ростӣ, ин чӣ балои нав аст, ки бемор бо дарди шадид назди табиб меояд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки пули изофӣ дода, як рӯзи дигар бо дардаш тоқат кунад. Магар хадамоти тиббӣ мушкили беморро ҳамин тавр бояд ҳал кунад. Табибон мисол меоранд, ки “мумкин аст, бемор Ҳепотит дошта бошад ё дар натиҷаи табобат бо Ҳепотит сироят шавад”. Ба онҳо гуфтам, ки “охир, ин як муассисаи калони тиббӣ аст, шумо кӯшиш кунед, беморон сироят наёбанд. Садсолаҳо мардумро бо усули таъҷилӣ табобат мекарданд, сӯзандоруи якбормасраф мавҷуд аст?” “Ака, супориш аз боло аст!” – боз ҳамон посухро бо садои илтимос аз табибон шунидам.

Фаҳмидам: “Ҳепотит” бемории нави Тоҷикистон аст, ки мушкили беморону корафтодагонро чанд баробар зиёд мекунад.

Вазири муҳтарам, хоҳиш мекунам, сари роҳи мушкили нави мардумро бигиред! Тиб набояд барои мардум мушкил биофарад, балки мушкилро бояд бартараф кунад».

Баъзе аз корафтодагон ба чунин ақидаанд, ки ин ҳам як роҳи пул кор кардан шудааст. То куҷо ин иддао дуруст аст, хабар надорем, аммо вазъ ҳамин тавр ҳаст, ки баён кардем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь