Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд карда шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира гардидааст.

15 декабр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон дониста мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон”, марҳилаҳои 2 ва 4-ум мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.

Маҳз дар доираи ҳамин лоиҳа Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бевосита бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд ба истиқболи санаҳои бузургу таърихӣ ва гиромидошти сатҳи баланд аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Акнун дар ин ҷо барои зиёда аз 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Вахш имконоти бештари ташхису муолиҷа муҳайё карда шуд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар бинои бошукӯҳи бахши тандурустӣ соли 2020 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Манора сохтмон” оғоз гардида буд.

Дар муассисаи тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Олмон, Ҷопон, Амрико, Испания, Италия ва Чин бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Дар беморхона дастгоҳҳои зарурии ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва сабти барқии дил фароҳам оварда шудааст, ки қаблан табибон ба чунин таҷҳизоти замонавӣ ниёзи бештар доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва масъулини ниҳоди тандурустӣ супориш доданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба беморон дар сатҳи баланд хизматрасониҳоро ба роҳ монда, ба масъалаи муомилаи хуш бо беморон ва наздикони онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов ва масъулин иштирок намуданд. Корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, воқеь дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, деҳаи Марказӣ воқеъ аст.

Иттилоъ дода шуд, корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти шири ҶДММ “Насими Вахш” бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ бо маблағи 271 ҳазор доллар таъсис ёфтааст, ки аз ин 171 ҳазор доллар аз тарафи ташкилоти ғайридавлати USAID ҳисагузорӣ карда шудааст.

Корхона дар масоҳати 540 метри мураббаъ дорои бинои истеҳсол ва коркард ва дар масоҳати 112 метри мураббаъ биноҳои ёрирасон буда, майдони умумии замини ба корхона вобасташуда 0,10 гектарро ташкил медиҳад.

Корхона қаймоқ, сметана, панир ва дигар намуди маҳсулотҳои шириро истеҳсол намуда, пешкаши аҳолӣ мегардонад. Дар корхона 12 ҷойи корӣ барои аҳолии деҳот ташкил карда шуда, кормандон бо маоши хуб таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь