Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.
Вазорати фарҳанг мегӯяд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябру октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.
Ба ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳо пешбинӣ шудаанд.