22-юми феврал дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси ширкати тоҷикистонии «Ғаюр» маркази бузурги савдо кушода шуд.

Дар кушодашавии он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имом Содиқ Ашӯрбойзода, шахсони масъули вазоратхонаҳои Ӯзбекистон ва намояндаҳои савдои он ширкат доштанд.

Ҳоло фақат маҳсулоти сохтмонии ширкати «Ғаюр» рафҳои ин маркази бузургро оро медиҳанд, аммо дар назар аст, ки дар ояндаи наздик маҳсулоти ширкатҳои дигари тоҷикистонӣ низ ба ин ҷо ҷалб карда мешаванд.

Ширкати «Ғаюр» яке аз бузургтарин ширкатҳое мебошад, ки солҳои охир истеҳсоли сементи аълосифатро на танҳо дар миқёси Тоҷикистон, балки дар бозорҳои чанд мамлакати Осиёи Марказӣ, аз қабили Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба роҳ мондааст. Ширкати «Ғаюр» дар баробари истеҳсоли семент, истеҳсоли гипсокартон, армстронг, маҳлули сафедкунанда, халтаҳои полипропиленӣ ва маҳсулоти дигари бетониро низ коркард менамояд.

Ширкати ватании «Ғаюр» дар Тоҷикистон корхонаҳои зиёди истеҳсолиро аз қабили ташкилотҳои ҷамъиятии тарзи кушодаи «Хуаксин Ғаюр Семент», «Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент», «Хуаджиан Ғаюр Индастриал», «Ғаюр Саноат», «Ғаюр Пекидж», «Ғаюр 1» ва «Ғаюр Трейдинг» ба роҳ мондааст, ки айни замон барои рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми зиёд доранд.

Намояндаи «Ғаюр» иттилоъ дод, ки ширкати «Ғаюр» тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон низ намояндагиҳои худро боз намояд ва бо ин роҳ дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошад. Инчунин дар рӯзҳои наздик бо ибтикори «Ғаюр» истеҳсоли зиёда аз 120 намуди ранг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Бибиҷон Ашӯрова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь