Чанд рӯзи охир сокинони кишвар аз маҳдуд шудани интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят мекарданд. Инак, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба муштариёни неруи барқ дар ин бора муроҷиат кард.

Дар муроҷиатнома омадааст, «ба ҳама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари сардиҳо камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ боиси норасоии мавсимии неруи барқ мегардад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии мамлакати мо, яъне обанбори НБО-и «Норак»  то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

Вобаста ба ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст ва  вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи   захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту  муассисаҳо ва  манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд».

Ба гуфтаи ин ниҳод ин ҳама маҳдудият фақат ба хотири камбуди об ва истеҳсоли барқ нест, балки корҳои профилактикӣ ва таъмиру таҷдид дар зеристгоҳҳо низ боиси маҳдудияти барқ мешавад.

Дар охири муроҷиатнома се ниҳод – Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иқрор шудаанд, ки ба маҳдуд кардани таъминоти барқ манфиатдор нестанд, «вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд».

Гуфта мешавад, ки захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар зимистон бештар бо неруи барқ таъмин кардани муштариён истифода бурда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь