Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар барои олимон ва муаллимони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатӣ таъсис дода шудааст.
Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки аз 1-уми январи соли оянда ҳар сол музди пулии Ҷоизаи давлатиро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмин кунад.
Ҳадафи Ҷоизаи давлатӣ барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳавасмандгардонии онҳо буда, инчунин барои рушди ин фанҳо, фаъолияти эҷодии омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа муҳим аст.
Ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ ва диплом иборат мебошад. Мукофоти пулӣ ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:
– натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, ки ба рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат мекунанд;
– рушд ва азхудкунии технология, кашфиёт ва ихтирооте, ки барои баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ва мудофиавии кишвар хизмат мекунад;
– таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва методӣ, омода намудани хонандагон, донишҷӯён, магистрантон ва докторантҳо аз рӯи ихтисос ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
– иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмию педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;
– саҳм гузоштан дар таҳияи барномаҳои илмию техникии кишвар.
Ҷоизаи давлатӣ ба муаллимон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:
– навоварӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, нашр кардани мақолаҳои илмӣ ва методӣ, таҳия кардани китобҳои дарсӣ;
– дониши санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ, қобилияти асоснок кардани мавзуъ ва усулҳои таълим;
– истифодаи мақсаднои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаҳои электронӣ, ташкили барномаҳои муаррифӣ (слайдҳо);
– омодакунии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.