Партовҳои пластикӣ яке аз масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Истифодаи зарфҳои пластикӣ ба саломатӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ расонида, мамлакатҳои мутаррақии олам, давра ба давра аз истифодаи он даст мекашанд. Ин омилро ба инобат гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кардааст, ки зина ба зина истифодаи чунин зарфҳоро коҳиш диҳад.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева зимни суҳбат иброз дошт, ки бо сабаби афзоиш ёфтани истифодаи зарфҳои пластикӣ дар кишвар, партовҳои гулхонаӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд.

– Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо МИҲД шаҳри Душанбе ва Дафтари барномаҳои САҲА тасмими насби эълону овезаҳо барои қатъи истифодаи пластика дар кӯчаҳои Душанбе ба роҳ мондааст, – таъкид намуд ӯ.

Сардори шуъбаи Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомила бо партовҳо Мақсадулло Мардонов баён дошт, ки барои аз байн бурдани партовҳо ҷиҳати зиён нарасонидан ба муҳити зист, феълан дар кишвар 7 корхонаи коркарди партов амал мекунад.

– Партовҳо ва зарфҳои  пластикӣ ба саломатӣ хатар  дошта, аз худ заррачаҳои кимёвии заҳрогин хориҷ мекунанд.  Ин заррачаҳо ба саломатиаш шахсе, ки аз ин зарфҳо хӯрок истеъмол мекунад, бетаъсир нахоҳанд буд, – гуфт Мақсадулло Мардонов. – Дар ин росто Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуда буд, ки воридоти борҷомаҳои полиэтилении тунук ба кишвар коҳиш дода шуда, истеҳсол ва ташкили корхонаҳои борҷомаҳои латтагӣ ба роҳ монда шавад.

– Борҷомаҳои латтагӣ  аз пахтаи навъи чорум омода шавад ҳам, зиёне ба саломатӣ надорад. Кишвари мо дар самти парвариши пахта муваффақ аст. Авлавияти ин борҷомаҳо аз борчомаҳои полиэтиленӣ дар он аст, ки имкони истифодаи 6 -7 маротибаро доранд. Ҳаноми ба партов партофтан низ онҳо аз худ моддае хориҷ накарда, дар муддати 6 моҳ ба порӯ табдил меёбанд. Дар сурати илман асоснок шудани ин пешниҳод Ҳукумат онро дастгирӣ хоҳад кард, – таъкид кард дар идомаи суханаш Мақсадулло Мардонов.

Аз манъи истифодаи зарфҳои пластикӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли хӯрокҳои гарм эълону муроҷиатномаҳои Кумитаи  ҳифзи муҳити зист паҳн шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар мағозаҳо фурӯши ин навъи маҳсулот қатъ,  ё коҳиш наёфтааст.

Дар нуқтаҳои истеъмоли хӯрок дар фурӯшгоҳи бузурги “Душанбе мол” – “Ашан” хӯрокҳои гарм ба сокинон дар зарфҳои пластикӣ пешкаш мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь