Дар Тоҷикистон мехоҳанд қонуни наверо барои соҳибкории иҷтимоӣ қабул кунанд. Эҳтимол меравад, ки охири соли ҷорӣ лоиҳаи қонуни мазкур қабул шавад. Дар ин бора 16-уми апрел Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ, зимни баргузории маҳфили иқтисодии “Тавозун” гуфт.
Бояд гуфт, ки дар ин самти соҳибкорӣ то ҳол ягон қонуни алоҳидае нест ва ягона ҳуҷҷате, ки онҷо сухан дар мавриди соҳибкории иҷтимоӣ меравад ин Стратегияи миллии рушд аст. Бинобар ҳамин ҳам, Муртазозода иброз дошт, ки барои танзим ва дастгирии соҳаи мазкур бояд қонуни алоҳида қабул гардад.
“Ҳамин тариқ, моҳи октябри соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати вакилони парлумони кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақил оид ба таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таъси дода шуд, ки тӯли камтар аз як соли фаъолияти худ лоиҳаи қонунро омода ва барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карданд”, – иброз дошт Ҷамшед Муртазозода.
Ба гуфтаи ин вакили парлумон қонуни мазкур пеш аз ба ҳукумати кишвар ирсол шудан, аввал лоиҳаи он бо ҳама вазорату идораҳои кишвар мувофиқа мегардад.
Лоиҳаи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ аз муқаддима, 5 фасл ва 25 модда иборат буда, 21 категория, аз ҷумла қишри осебпазири ҷомеаро дар бар мегирад. Яъне шахсони ба ин категорияҳо воридгардида метавонанд ҳамчун соҳибкори иҷтимоӣ фаъолият намоянд.
Иброз гардид, ки соҳибкории иҷтимоӣ ин яке аз роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.
Таҳлили ҳуқуқи ва иқтисодии лоиҳаи қонуни мазкур бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъияти ҳанӯз соли 2018 таъсис дода шуда буд.
Дар идомаи маҳфили “Тавозун” Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз, гуфт, набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард, бояд дигар имтиёзҳо, махсусан имтиёзҳо дар додани грантҳо, дастрасӣ ба инфрасохтор, қарзҳои камфоиз дода шавад. Ба гуфтаи Вазиров аллакай соҳибкории иҷтимоӣ аз имтиёзҳои андозӣ бархур буда ва дар назар аст моҳҳои наздик имтиёзҳои иловагӣ дода шавад.
“Дар Кодекси андоз 8 низоми андоз пешбинӣ кардааст, ки ҳамаи онҳо имтиёзҳо доранд ва соҳибкорони иҷтимоӣ метавонанд дар он фаъолият кунанд ва аз имтиёзҳо бархурдор шаванд” – гуфт вай.
Дар фарҷоми “Тавозун”, моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ, тарзи андозбандии соҳибкорони иҷтимоӣ, намунаҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар, истифодаи тарҷибаҳои дигари давлатҳо ва дар маҷмуъ мушкилоту дастоварди раванди татбиқи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бахтиёр Раҳматуллоев